четверг, 18 апреля 2013 г.

Фариштаи илоҳӣ



Кӯдаке, ки омодаи таваллуд буд назди Худо рафт ва аз Ӯ пурсид: мегӯянд фардо шумо маро ба Замин мефиристед, аммо ман ба ин кӯчакӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чӣ гуна метавонам барои зиндагии он ҷо равам?

Худованд посух дод: аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагон, ман якеро барои ту дар назар гирифтаам ӯ аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард.

Аммо кӯдак ҳанӯз итминон надошт мехоҳад биравад ё на, гуфт: аммо ин ҷо дар Биҳишт ман ҳеҷ коре ҷуз хандидан ва овозхондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд.

Худованд лабханд зад: фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ҳаррӯз ба ту лабханд хоҳад зад. Ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ буд.

Кӯдак идома дод: Ман чигуна метавонам бифаҳмам мардум чӣ мегӯянд вақте зебони онҳоро намедонам?

Худованд ӯро навозиш карду гуфт: фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо диққат ва сабурӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ.

Кӯдак бо нороҳатӣ гуфт: вақте мехоҳам бо Шумо сӯҳбат кунам, чӣ кунам?

Худованд барои ин суол посух дод: фариштаат дастҳоятро дар канори ҳам қарор хоҳад дод ва ба ту ёд медиҳад чӣ гуна дуо кунӣ. 

Кӯдак боз пурсид: шунидам, ки дар Замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, чӣ касе аз ман муҳофизат хоҳад кард?

- Фариштаат аз ту мувозибат хоҳад кард, ҳато агар ба қимати ҷонаш тамом шавад.
Кӯдак бо нигаронӣ идома дод: аммо ман ҳамеша ба ин далел ки дигар наметавонам шуморо бибинам нороҳат хоҳам буд. 

Худованд лабханд зад ва гуфт: фариштаат ҳамеша дар бораи ман бо ту сӯҳбат хоҳад кард ва ба ту роҳи бозгашт ба назди манро хоҳад омӯхт. Гарчӣ ман дар канори туам. 
Дар он ҳангом Биҳишт ором буд ва садоҳое аз Замин шунида мешуд. Кӯдак фаҳмид, ки ба зудӣ бояд сафарашро оғоз кунад. Ӯ ба оромӣ як саволи дигар аз Худованд пурсид: Худоё! Агар ман бояд ҳамин ҳоло биравам, лутфан номи фариштаамро ба ман бигӯед...
Худованд шонаи ӯро навозиш кард ва посух дод: номи фариштаат аҳамияте надорад, метавони ӯро Модар садо кунӣ! 

PS: Ин навишта ба Модари азизам бахшида мешавад. Фариштаи илоҳӣ! Дӯстат дорам! 

Сумайя

вторник, 16 апреля 2013 г.

Ханда бар ҳар дарди бе дармон давост!


Беморӣ иллатҳои гуногуне дорад мисли сармо, вирусӣ ва ё зарба, аммо яке аз иллатҳои беморӣ ин ноумедӣ ва доштани ҳолати стресс аст, ки дар ҷомеаи имрӯзӣ низ ба хотири афзоиши мушкилот бемориҳое ношӣ аз ин зиёд шудааст. Барои дармони ин гуна бемориҳо, ки ба хотири ноумедӣ ва стресс аст пизишкон хандаро тавсия менамоянд, зеро ҳамон тавр ки бузургон гуфтаанд: “Ханда бар ҳар дарди бе дармон давост”

 Муҳақиқон иттилооти каме роҷеъ ба хандидан ва асароти он бар рӯи мағзи сар доранд, аммо чизе ки мушаххас аст он аст, ки ханда асароти мусбате бар рӯҳ ва ҷисм мегузорад.

Ханда барои қалб, рагҳои хунгузар, коҳиши гармонҳои стресзо, гардиши хун ва амалкади саҳеҳи фаъолиятҳои бадан бисёр муфид аст ва асароти муҳкам ва мусбатеро бар саломатии равон ва таҳкими равобит ба ҷо мегузорад ва эҳсосоти манфӣ, аз қабили афсурдагӣ ва асабониятро аз байн мебарад. 

Коркарди дарунии бадан, вақте механдед, варзиш мекунед, шиками шумо шурӯъ ба ҳаракат мекунад ва мушаки шумо оромиш меёбад ва ин барои саломатии қалб беҳтарин ва осонтарин аст. 

Асароти иҷтимоии ханда: ханда боиси эҷоди иртиботи иҷтимоии беҳтар ва бештар бо мардум мешавад. Аз ҳама муҳимтар боиси коҳиши дарди дигарон мешавад.

Таъсири ханда бар бемориҳои ҷисмӣ: ханда ғунҷоиши шӯшро боло мебарад ва боис мешавад оксигени бештаре вориди хун бишавад. Бинобар ин бемориҳои шӯшро аз байн мебарад.

Ханда мизони қанди хунро кам мекунад: ханда қотили бемориҳое аз қабили саратон, бемории қалбӣ, диабет, варами буғумҳо, мигрен, бехобӣ, аллергия, захми меъда ва рӯда ва ғайра.

Ханда сабаби афзоиши оксигенрасонӣ ва моддаи ғизоӣ ба ҳуҷайра мешавад. Агар Шумо 1 дақиқа бихандед он ханда 45 дақиқа боиси оромиши шумо мешавад. Хатари бемории қалбро аз шумо мегирад ва муҳаррике барои иштиҳо ва ҳазму маводи ғизоӣ хӯрда мешавад.

Дигар фоидаҳои ханда: тақвияткунандаи рӯҳи инсон мебошад. Боиси тараққӣ ва пешрафт дар зиндагӣ мегардад. Коҳишдиҳанди гуруснагӣ аст.

Вақте механдем чӣ иттифоқе рух медиҳад?

Вақте механдем мушакҳои сурат ва баданро мекашем. Фишори хун боло меравад. Тундтар нафас мекашем ва оксигени бештареро ба бофтаҳо мерасонем. Агар хандидан ва варзиш бо ҳам анҷом диҳем суръати зарбаҳои қалб боло рафта ва сабаби саломатӣ мегардад. Таҳқиқот собит карда, ки барои саломатии қалб 10 дақиқа роҳ биравед ва ё 1 дақиқа бихандед. 10 то 15 дақиқа хандидан боиси сӯхтани 50 ккал дар бадан мегардад. Ҳар гоҳ бихандем яке аз бузургтарин ва муҳимтарин андоми баданамон шурӯъ ба фоъолият мекунад, ки ҷигар аст. Ҷигар маводи зоидро дур мерезад.

Мушоҳида шуд шахсоне, ки филмҳои мазҳакавӣ (комедия) мебинанд нисбат ба дигарон кам бемор мешаванд.

Сумайя

пятница, 12 апреля 2013 г.

Ношунаво бошед...

Рӯзе аз рӯзҳо гурӯҳе аз қурбоққаҳо тасмим гирифтанд бо ҳам мусобиқаи дав бидиҳанд. Ҳадафи мусобиқа расидан ба нуги як бурҷи хело баланд буд. Мусобиқа шурӯъ шуд. Ҷамъияти зиёде барои дидани мусобиқа ва ташвиқи қурбоққаҳо ҷамъ шуда буданд. Росташ касе дар ҷамъият бовар надошт, ки қурбоққаҳое ки ин қадар хурд ҳастанд битавонанд ба нуги бурҷ бирасанд. Одам метавонист ҷумлаҳое мисли инҳоро бишунавад: "Вой, аҷаб кори мушкил аст!", "Онҳо ҳеҷ вақт наметавонанд ба нуги бурҷ бирасанд"  ё "ҳeҷ шансе барои мувафақияташон нест, бурҷ хело баланд аст". Қурбоққаҳо яке яке шурӯъ ба афтодан карданд. Ба ҷуз баъзе, ки ҳанӯз бо ҳарорат боло ва болотар мерафтанд. Ҷамъият ҳанӯз идома медод: "Хеле мушкил аст, касе муваффақ намешавад". Ва теъдоди бештари қурбоққаҳо хаста шуда, аз идома додани мусобиқа мунсариф мешуданд . Вале фақат яке аз онҳо ба рафтан идома дод боло-боло ва боз ҳам болотар. Ин қурбоққа намехост мунсариф бишавад. Дар охир ин қурбоққа баъд аз талоши зиёд танҳо ҷонваре буд, ки ба нӯги бурҷ расид. Бақияи қурбоққаҳо муштоқона мехостанд бидонанд он чи тавр ин корро анҷом додааст? Онҳо пурсиданд, ки чи тавр қудрати расидан ба бурҷро пайдо кардааст? Ва мушаххас шуд, ки барандаи мусобиқа ношунаво будааст!
Мегӯянд ношунаво бошед вақте аз маҳол будани орзуҳоятон сухан мегӯянд. Воқеан, ҳам дуруст аст шояд агар ин қурбоққа ҳам шунаво мебуд бо шунидани суханҳои дигарон мисли бақия аз мусобиқа додан сарфи назар мекард...

Сумайя

Биханд то...

Ҳатман шунидаед, ки мегӯянд: "Биханд, то дунё ба рӯят бихандад!" Шояд иллати машҳур шудани ин ҷумла ба хотири таъсире аст, ки ханда бар саломатии инсон дорад.

Равоншиносон хандаро озодкунандаи фишорҳои рӯҳӣ медонанд. Дар солҳои охир равиши хандадармонӣ дар бисёре аз кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин дармон беморон бояд ним соат дар рӯз бо огоҳӣ бихандад, то худро аз фишорҳои рӯҳӣ ва мушкилоти зиндагӣ раҳо созанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки хандидан боиси афзоиши тӯли умр низ мегардад, яке аз масхарабозҳо бо ин ки чандин сол аст, ки сигор мекашад ва маъмулан касоне ки сигор мекашанд умрашон кӯтоҳ аст, ҳудуди 100 сол дорад! Албатта бояд бидонед, ки лабхандҳои сохтагӣ ин вижагиҳоро надоранд.
Бихандед, то солим бимонед!

Сумайя

вторник, 9 апреля 2013 г.

Номае аз тарафи Худо


Амири мӯъминон Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: “Инсон ҳар нафасе мекашад қадаме ба сӯи марг меравад”. Оре, ҳамаи чиз шумориш дорад ва шумориши ҳаёти мо ин нафасҳои мост. Пас ин моем, ки нафасҳоямонро дар чӣ роҳе истифода мекунем ва аз неъмати ориятии Худо баҳрамандем. Бидонем, ки Худо дар баробари ин ҳама неъматҳои бебаҳо аз мо чи мехоҳад? Лозим донистам ин ҷо номае аз тарафи Худоро, ки аз ояҳои Қуръон ва аҳодис гирифта шудааст барои Шумо хонандагон пешниҳод намоям, то битавонем ба маъшуқи азалӣ иртиботи хуберо ба роҳ монем.

“Имрӯз субҳ ки аз хоб бедор шудӣ, нигоҳат мекардам. Умедвор будам, ки бо ман ҳарф бизанӣ. Ҳатто барои чандкалима, назарамро бипурсӣ ё барои иттифоқи хубе, ки дирӯз дар зиндагиат афтод, аз ман ташаккур кунӣ, аммо мутаваҷеҳ шудам, ки хеле машғулӣ. Машғули интихоби либосе,ки мехостӣ бипӯшӣ.

Вақте доштӣ ин тарафу он тараф медавидӣ, то ҳозир шавӣ фикр мекардам, чанд дақиқае вақт дорӣ, ки ба ман бигӯӣ: "Салом". Аммо ту хеле машғул будӣ. Як бор маҷбур шудӣ мунтазир шавӣ ва барои муддати як соат коре надоштӣ, ҷуз он ки рӯи як сандалӣ бинишинӣ.

Баъд дидамат, ки аз ҷо паридӣ, хаёл кардам мехоҳӣ чизе ба ман бигӯӣ, аммо ту ба тарафи телефон давидӣ ва дар иваз ба дӯстат телефон кардӣ, то аз охирин овозаҳо бохабар шавӣ. Тамоми рӯз бо сабурӣ мунтазират будам, бо он ҳама корҳои мухталиф гумон мекунам ки аслан вақт надоштӣ бо ман ҳарф бизанӣ, мутаваҷҷеҳ шудам қабл аз наҳор ба атрофат нигоҳ мекунӣ. Шояд чун хиҷолат мекашидӣ, саратро ба сӯи ман хам накардӣ.

Ту ба хона рафтӣ ва ба назар мерасид, ки ҳанӯз хеле корҳо барои анҷом додан дорӣ, баъд аз анҷом додани чанд кор, телевизионро рушан кардӣ, намедонам телевизионро дӯст дорӣ ё на? Дар он чизҳои зиёде нишон медиҳанд ва ту ҳар рӯз муддати зиёдеро пеши он мегузаронӣ. Дар ҳоле ки дар бора ҳеҷ чиз фикр намекунӣ ва фақат аз барномаҳояш лаззат мебарӣ. Боз ҳам сабурона интизоратро кашидам ва ту дар ҳоле ки телевизионро нигоҳ мекардӣ, шом хурдӣ ва боз ҳам бо ман сӯҳбате накардӣ.

Вақти хоб фикр мекунам хеле хаста будӣ. Баъд аз он ки ба аъзои хонаводаат шаб ба хайр гуфтӣ, ба ҷойхоб рафтӣ ва фавран ба хоб рафтӣ. Намедонам чаро ба ман шаб ба хайр нагуфтӣ, аммо ишколе надорад. Охир магар субҳ ба ман салом кардӣ? Ҳангоме ки ба хоб рафтӣ, сурататро, ки хастаи такрори якнавохтҳои рузмарра буд ошиқона ламс кардам. Чи қадр муштоқам ки ба ту бигӯям, чи тавр метавонӣ зиндагии зеботар ва муфидтарро таҷриба кунӣ...

Эҳтимолан мутаваҷҷеҳ нашудӣ,ки ман ҳамеша дар канорат ва барои кӯмак ба ту омодаам. Ман сабурам беш аз он ки ту фикрашро мекунӣ. Ҳатто дилам мехоҳад ба ту ёд диҳам, ки чи тавр бо дигарон сабур бошӣ. Ман он қадар дӯстат дорам, ки ҳар рӯз мунтазират ҳастам. Мунтазири як сар такон додан, як дуъо, як фикр ё гӯшае аз қалбат, ки ба сӯи ман ояд, хеле сахт аст, ки муколамаи яктарафа дошта бошӣ.

Хуб, ман боз ҳам саросар пур аз ишқ мунтазир хоҳам буд, ба умеди он ки шояд фардо каме ҳам ба ман вақт бидиҳӣ! Оё вақт дорӣ, ки ин номаро барои дигар азизонам бифиристӣ? Агар на, айбе надорад. Ман мефаҳмам ва саъй мекунам роҳи дигаре биёбам, ман ҳаргиз даст нахоҳам кашид. Дӯстат дорам, рӯзи хубе дошта бошӣ”. 

Оре, воқеан Худо хеле меҳрабон аст,аз он ки мо тасаввур мекунем меҳраш фаротар аз тасаввур аст ва ҳар рӯз мунтазири мост, ки бо Ӯ ҳарф бизанем ва ба мо кӯмак кунад. Худоё дустат дорам.

Сумайя