вторник, 9 апреля 2013 г.

Номае аз тарафи Худо


Амири мӯъминон Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: “Инсон ҳар нафасе мекашад қадаме ба сӯи марг меравад”. Оре, ҳамаи чиз шумориш дорад ва шумориши ҳаёти мо ин нафасҳои мост. Пас ин моем, ки нафасҳоямонро дар чӣ роҳе истифода мекунем ва аз неъмати ориятии Худо баҳрамандем. Бидонем, ки Худо дар баробари ин ҳама неъматҳои бебаҳо аз мо чи мехоҳад? Лозим донистам ин ҷо номае аз тарафи Худоро, ки аз ояҳои Қуръон ва аҳодис гирифта шудааст барои Шумо хонандагон пешниҳод намоям, то битавонем ба маъшуқи азалӣ иртиботи хуберо ба роҳ монем.

“Имрӯз субҳ ки аз хоб бедор шудӣ, нигоҳат мекардам. Умедвор будам, ки бо ман ҳарф бизанӣ. Ҳатто барои чандкалима, назарамро бипурсӣ ё барои иттифоқи хубе, ки дирӯз дар зиндагиат афтод, аз ман ташаккур кунӣ, аммо мутаваҷеҳ шудам, ки хеле машғулӣ. Машғули интихоби либосе,ки мехостӣ бипӯшӣ.

Вақте доштӣ ин тарафу он тараф медавидӣ, то ҳозир шавӣ фикр мекардам, чанд дақиқае вақт дорӣ, ки ба ман бигӯӣ: "Салом". Аммо ту хеле машғул будӣ. Як бор маҷбур шудӣ мунтазир шавӣ ва барои муддати як соат коре надоштӣ, ҷуз он ки рӯи як сандалӣ бинишинӣ.

Баъд дидамат, ки аз ҷо паридӣ, хаёл кардам мехоҳӣ чизе ба ман бигӯӣ, аммо ту ба тарафи телефон давидӣ ва дар иваз ба дӯстат телефон кардӣ, то аз охирин овозаҳо бохабар шавӣ. Тамоми рӯз бо сабурӣ мунтазират будам, бо он ҳама корҳои мухталиф гумон мекунам ки аслан вақт надоштӣ бо ман ҳарф бизанӣ, мутаваҷҷеҳ шудам қабл аз наҳор ба атрофат нигоҳ мекунӣ. Шояд чун хиҷолат мекашидӣ, саратро ба сӯи ман хам накардӣ.

Ту ба хона рафтӣ ва ба назар мерасид, ки ҳанӯз хеле корҳо барои анҷом додан дорӣ, баъд аз анҷом додани чанд кор, телевизионро рушан кардӣ, намедонам телевизионро дӯст дорӣ ё на? Дар он чизҳои зиёде нишон медиҳанд ва ту ҳар рӯз муддати зиёдеро пеши он мегузаронӣ. Дар ҳоле ки дар бора ҳеҷ чиз фикр намекунӣ ва фақат аз барномаҳояш лаззат мебарӣ. Боз ҳам сабурона интизоратро кашидам ва ту дар ҳоле ки телевизионро нигоҳ мекардӣ, шом хурдӣ ва боз ҳам бо ман сӯҳбате накардӣ.

Вақти хоб фикр мекунам хеле хаста будӣ. Баъд аз он ки ба аъзои хонаводаат шаб ба хайр гуфтӣ, ба ҷойхоб рафтӣ ва фавран ба хоб рафтӣ. Намедонам чаро ба ман шаб ба хайр нагуфтӣ, аммо ишколе надорад. Охир магар субҳ ба ман салом кардӣ? Ҳангоме ки ба хоб рафтӣ, сурататро, ки хастаи такрори якнавохтҳои рузмарра буд ошиқона ламс кардам. Чи қадр муштоқам ки ба ту бигӯям, чи тавр метавонӣ зиндагии зеботар ва муфидтарро таҷриба кунӣ...

Эҳтимолан мутаваҷҷеҳ нашудӣ,ки ман ҳамеша дар канорат ва барои кӯмак ба ту омодаам. Ман сабурам беш аз он ки ту фикрашро мекунӣ. Ҳатто дилам мехоҳад ба ту ёд диҳам, ки чи тавр бо дигарон сабур бошӣ. Ман он қадар дӯстат дорам, ки ҳар рӯз мунтазират ҳастам. Мунтазири як сар такон додан, як дуъо, як фикр ё гӯшае аз қалбат, ки ба сӯи ман ояд, хеле сахт аст, ки муколамаи яктарафа дошта бошӣ.

Хуб, ман боз ҳам саросар пур аз ишқ мунтазир хоҳам буд, ба умеди он ки шояд фардо каме ҳам ба ман вақт бидиҳӣ! Оё вақт дорӣ, ки ин номаро барои дигар азизонам бифиристӣ? Агар на, айбе надорад. Ман мефаҳмам ва саъй мекунам роҳи дигаре биёбам, ман ҳаргиз даст нахоҳам кашид. Дӯстат дорам, рӯзи хубе дошта бошӣ”. 

Оре, воқеан Худо хеле меҳрабон аст,аз он ки мо тасаввур мекунем меҳраш фаротар аз тасаввур аст ва ҳар рӯз мунтазири мост, ки бо Ӯ ҳарф бизанем ва ба мо кӯмак кунад. Худоё дустат дорам.

Сумайя

Комментариев нет:

Отправить комментарий